Санаи 13 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Панҷакент Маҷлиси соҳавии солонаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри баргузор гардид. Дар кори он сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М.Д., мутахассиси пешбар ва нозир коргузори ҳамин шуъба, мудир ва кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, намояндагони шуъбаи агентии омор, муассисаҳои тиббии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маҷмуъ 53 нафар иштирок доштанд. Сараввал мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент Фатҳиллозода З.С. маҷлиси чамъбастии фаъолияти солонаро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2018 ахборот дод.
Вохурии сохторҳои мақомоти адлия дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят
Тибқи нақшаи корӣ, санаи 06 феврали соли 2019 бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят вобаста ба иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 вохурӣ анҷом дода шуд. Дар кори он муовини сардори Раёсати адлияи вилоят полковники адлия Раҳмонзода М, сарнатариуси давлатии вилоят Охунӣ Б. ва мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. иштирок намуда, оид ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мерос ва ҳуқуқи меросхурон, инчунин вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баромад намуданд. Дар вохурии доиршуда ба иштирокдорон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба саволҳои онҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда посух гардониданд.
Нишасти матбуоти бо намояндагони васоити ахбори омма
Асосгузори сулњу вањдати милли-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомали Рањмон воситањои ахбори оммаи имрӯзаро ба минбари тањлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз номидаанд.
Имрӯз тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суѓд муњтарам Раљаббой Ањмадзода аз 08 январи соли 2019 дар толори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят якҷоя бо Раёсатњои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729 бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гадид.
Нишасти матбуотиро сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муқаддам Ҳошимзода ифтитоҳи намуда ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти солонаи асноди њолати шањрвандї маълумот доданд.
Маҷлиси ҷамъбастии шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят аз санаи 22 январ то санаи 07 феврали соли 2019 маҷлисҳои ҷамъбастии шуъбаю бахшои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодааст.
Дар кори маҷлисҳои баргузоргардида намояндаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят иштирок намуда, пешравию камбидиҳои ҷойдоштаи соҳаро таҳлил корда, вобаста ба иҷрои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дастурҳо дода истодаанд.