17 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят таҳти сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони масъули шуъбаи вилоятӣ иштирок доштанд.
Аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбастии мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар соли 2018 баромад карда, қайд намуд, ки соли сипаришуда барои кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят – воқеан як соли хотирмону таърихӣ аст, зеро аз сафарҳои пурбарори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ва иҷрои бомароми Барномаи рушди мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои солҳои 2014-2019 дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ҳамин замин рўз ба рўз дигаргуниҳои куллӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуби арзанда барои кормандон ва муроҷиаткунандагон мебошад.
Тазаккур дод, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нақши пешрафту созандаи ояндаи миллати азизамон аст, сармашқи воқеии фаъолияти ҳаррўза буданро водор намуд. Ҳамзамон хотирнишон сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 иброз доштанд, ки «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Бинобар ин ба масълаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва аҳолӣ аҳамияти хоса дода шавад.
Қайд гардид, ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишод дода истодааст, ки паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон боису содир гардидани сабабҳои ҳаргуна омилҳои номатлуб (сохтакорӣ, хунукназарӣ, амалҳои коррупсионӣ ва дигар шароит муҳайё намудан ба дигар кирдорҳо ) гардида истода, таъсири манфии он ба назар мерасад.
Дар масъалаҳои иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сармашқи фаъоляти кории ҳар як корманд буданро , аз руи он амал намуданро дастур дод.
Роҷеъ ба нишондиҳандаҳои бадастовардашуда дар соли 2018 аз ҷониби мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар шудааст, 119702 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шуданд. Аз ҷумла, сабти таваллуд 64105, сабти вафот 11083, сабти никоҳ 22781, қайди берун аз муҳлати таваллуди кўдакони навзод 4592, қайди берун аз муҳлати сабти вафот 262, сабти бекоркунии ақди никоҳ 4046, сабти муқаррар кардани падарӣ 3303, сабти фарзандхонӣ -271, сабти иваз кардани насаб, ном ва номи падар 9259 - ададро ташкил мекунад.
Зимнан ёдовар гардид, ки масъалаҳои интизоми меҳнатӣ, даст назадани кормандон ба ҳаргуна омилҳои номатлуб (сохтакорӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, қайди никоҳи хешу таборӣ), муоиширати хуб бо шаҳрвандон, ободии гирду атрофи коргоҳ ва тозаю зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва эҳтиёткорона муносибат намудан ба амволе, ки барои иҷроиши уҳдадориҳои худ аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шудааст дар шуъбаю бахш ва ҷамоатҳои деҳот аҳамияти хоса зоҳир намоянд.
Ҳамчунин дар маҷлис пешниҳоди прокуратура оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки дар солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳот вобаста ба самти пойдори оила ва масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар охир ба як нуктаи махсус ишора гардид, ки додани маълумотҳо оид ба вазъи оилавӣ, иҷрои мактубҳои давлатҳои хориҷӣ, низоми ягонаи электронӣ, ташкили нархномаҳои амалкунанда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо назардошти тағйироти мавҷуда, тартиби ҷустуҷўи маводҳо аз тарафи шахсони масъули бойгонидорон аҳамият зоҳир намоянд.