Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.
Бо ин мақсад бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан баҳри арҷгузорӣ ва гиромидоштӣ «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 31 августи соли ҷорӣ озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро ташкил ва баргузор намуд.