Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»

Бо мақсади иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №50 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон, тибқи фармоиши мазкур ба вазорату идораҳо, мақомотииҷроияи маҳаллииҳокимиятидавлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар тавсия дода шудааст, ки барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла  ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Семинари дастурдиҳӣ бо котибону коргузорони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан

  Санаи 23 апрели соли 2024 дар доираи амалишавии нақша-чорабиниҳо бо кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан вобаста ба иҷро ва риояи қонунгузории соҳавӣ, беҳ намудани нишондиҳандаҳо ва баланд бардоштани маърфиати ҳуқуқии кормандон семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид. Семинари дастурдиҳиро мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан Назира Муртазо ифтитоҳ намуда, онро бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маънидод намуд. Дар ибтидо мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фараҳманд Нарзизода иброз намуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дошта, эҳтироми шахс нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам гардида, дар ботин эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад, ҳамзамон итоат намудан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат карда ва хешро дар ҷомеа озоду бехатар эҳсос менамояд.

Дастгирии иҷтимоӣ ва ҳимояи шахсони воқеӣ нисбати 207 – нафар кӯдаки навзод дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай

  Бо мақсади иҷрои банди 18 қарори ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2024, №1 ва банди 25 нақшаи кори раёсати адлияи вилоят аз ҷониби масъулини бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Бӯстон, Зафаробод ва Шаҳристон дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай ҷиҳати дастгирии иҷтимоӣ ва ҳимояи шахсони воқеӣ 207 - шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакони навзод ва 6 дон шаҳодатномаи ҳифзаш қатъӣ такроран аз номи роҳбарияти Вазорат дар вазъи ботантана супорида, онҳоро барои риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» талқин намудаанд. Мувофиқи талаботи муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» шаҳодатномаи таваллуд - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки аз бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуди ӯ шаҳодат дода, то гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ-кафили рушди ҷомеаи муосир»

  Санаи 14 – уми марти соли 2024 дар бинои раёсати Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ,конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ-кафили рушди ҷомеаи муосир» дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668баргузор гардид, ки дар кори он сармутахассиси шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Ҷумазода Мухбира иштирок ва дар мавзӯи «Маърифати баланди ҳуқуқӣ омили пойдории оилаи солим маҳсуб меёбад» баромад намуд. Ҷумазода М. дар баромадаш зикр намудааст, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ яке аз мақомотҳои муҳиму асосии низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафата, дар бунёди оила, ба хусус оилаҳои ҷавон, заминаҳои ҳуқуқӣ мегузорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.