Санаи 12 июли соли 2019 доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо директори мактаб, имомхатиби масҷид ва сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистон Мастчоҳ вохурӣ анҷом дода шуд.
Дар рафти он, тарғибу иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, гузоштан ном ба фарзандон аз рўи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шуд. Зикр карда шуд, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароитҳои муосир моро водор менамояд, ки барои бунёди ҷомеаи навин ҳам чун як фарди диёр заҳмат кашида, ба ободи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.