07 январи соли 2019 бо иштироки муовини Вазири адлияи Ҷумуҳрии Тоҷикистон Мирсайдзод Ҳаким Саид маҷлиси солонаи сохторҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят баргузор гардид.
Сараввал сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Турахонзода Б. маҷлиси солонаро оғоз намуда, идомаи суханро вобаста ба фаъолияти солонаи Раёсати адлияи вилоят –ба сармутахассиси Раёсати адлияи вилоят Абдуазизиён А. пешниҳод намуд.
Сармутахассиси Раёсати адлияи вилоят Абдуазизиён А. дар хусуси тадбирҳои иҷрошуда дар соли 2018 баромад намуда, зикр намуд, ки дар раванди барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон Раёсати адлияи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор, ҳамоҳангсозӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақшаҳои корӣ таҳия намуда, фаъолияти тарғиботию ташвиқотии ҳуқуқиро вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар асоси санадҳои меъёрию-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр дошт, ки Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Суғд дар давоми соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, бархӯрдор намудани аҳолӣ бо амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он, ки дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун, пуштибонӣ аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, дар заминаи санадҳои ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ватандустӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрванд, аъзои Шӯрои вилоятӣ дар ин давра тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ намудаанд.
Баъдан сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М.Д. ба сухан баромада, оид ба бурду бохти соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ баромад намуд. Қайд гардид, ки давоми соли 2018 аз ҷониби мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар шудааст, 119702 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шуданд. Дар идомаи суханронӣ зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 иброз доштанд, ки «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Дар соли 2018 аз тарафи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар байни аҳолӣ 1028 баромаду вохўриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҷиҳати пойдории оилаҳо гузаронида шудаанд. Аз ҷумла 846 баромаду вохўриҳо дар байни аҳолӣ, 21 баромад бо воситаи радио, 99- баромад тавассути барномаҳои телевизионӣ, 62 баромад бо воситаи матбуот дарҷ гардидааст.
Сипас Муовини Вазири адлияи Ҷумуҳрии Тоҷикистон Мирсайдзод Ҳаким Саид ба сухан баромада, қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нақши пешрафту созандаи ояндаи миллати азизамон аст, сармашқи воқеии фаъолияти ҳаррӯзаи худ дониста бо такя намудан ба асосҳои бунёдию созандаи он бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат намоем. Зикр доштанд, ки соли сипаригашта дар таърихи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ва ҳар як фарди шарафманд бениҳоят хотирмон буд, зеро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чорабинии байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор” расман оғоз гардид, дар дохили кишвар иншооти тақдирсози аср, заминаи ояндаи дурахшони Тоҷикистон, яъне ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки орзуи чандинсолаи мардуми заҳматқарини тоҷик амалӣ гардида, рӯйдоди сеюми таърихи дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии мардум аст. Инчунин хотиррасон намуданд, ки сарчашмаи дигаре моро водор менамояд, ҳамчун як фарди ватандӯст барои ободониву созандагии минбаъдаи кишвар тақозо менамояд, ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзем. Инчунин ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон дастурҳо дода шуд.
Дар охир муовини Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода И. ба масъалаҳои иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар кардани хизматрасонӣ, амалиётҳои ҳуқуқии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва беҳтар кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.