Маҷлиси соҳавии солонаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент

Санаи 13 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Панҷакент Маҷлиси соҳавии солонаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри баргузор гардид. Дар кори он сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М.Д., мутахассиси пешбар ва нозир коргузори ҳамин шуъба, мудир ва кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, намояндагони шуъбаи агентии омор, муассисаҳои тиббии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маҷмуъ 53 нафар иштирок доштанд. Сараввал  мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент Фатҳиллозода З.С. маҷлиси чамъбастии фаъолияти солонаро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2018  ахборот дод.

   Сипас як қатор масъалаҳои муҳим, ба монанди саривақт ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуди кӯдакони навзод, пошхӯрии оилаҳо, зиёд гардидани сабти муқаррар намудани падарӣ, шумораи зиёди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, даст назадан ба омилҳои коррупсионӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

  Зимни суханрониаш мудири бахш сабабу омилҳои асосии барҳамхӯрии оиларо  аз омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, дуруст наомадани хулқу атвор, беморӣ ва бефарзандӣ, паст будани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ намуд.

  Баъдан сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят  Ҳошимзода М.Д. ба сухан баромада, қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ барои кулли мардуми шарафи Тоҷикистон соли хотирмон буд, зеро ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» санаи 16 октябри соли 2018 ҳар як фарди тоҷикро уҳдадор намуд, ки ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр намуда, ҳар як зарра ва обу хоки ин диёри биҳиштосоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

  Аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят  Нарзизода Ф.Ҳ. оид ба бақайдгирии кӯдакони аз қайдмонда,  сатҳи дониши ҳуқуқии кормандон, таъмини иҷрои қонуну қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа, супоридани ҳисоботҳо ва пешниҳоди нақшаю ахборотҳо, иҷрои нақша-чорабиниҳои ирсолшаванда, интизом ва муоширати хуби кормандон бо муроҷиаткунандагон, ҳамкории зич бо муассисаҳои тиб, насби нархномаҳои амалкунанда бо назардошти тағйиротҳои ба амаломада  ибрози ақида намуд. Дар рафти суханронияш Нарзизода Ф.Ҳ. қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф намудааст, ҳар як корманд бояд ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифз намуда, нисбати муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бодиққат ва бо масъулияти баланд муносибат намояд. Корманд бояд ба муроҷиаткунандагон таваҷҷуҳ карда, ба арзи онҳо таҳаммулпазириро пеша намоянд.

    Дар охир вобаста ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дастурҳо дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.