Нишасти матбуоти бо намояндагони васоити ахбори омма

Асосгузори сулњу вањдати милли-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомали Рањмон воситањои ахбори оммаи имрӯзаро ба минбари тањлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз номидаанд.

Имрӯз тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суѓд муњтарам Раљаббой Ањмадзода аз 08 январи соли 2019 дар толори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят якҷоя бо Раёсатњои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729  бо намояндагони васоити ахбори омма  нишасти матбуотӣ баргузор гадид.

      Нишасти матбуотиро сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муқаддам Ҳошимзода ифтитоҳи намуда ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти солонаи асноди њолати шањрвандї маълумот доданд.  

    Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, махсусан нашрияњои расмии  Тољикистон «Љумњурият», Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Садои мардум», маҷаллаи Кайҳон, газетаи Тољикистон, Ҳақиқати Суғд ва дигарон дар соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба масъалаҳои иваз кардани насаб, ном ва номи падарӣ, бекор кардани ақди никоҳ ва сабабҳои он, фарзандхондї, ќайди аќди никоњи хориљї ва бекор кардани аќди никоњи хориљї, ањдномаи никоњ, никоњи хешу таборони наздик таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.