Дар арафаи Рӯзи модар ҷиҳати иҷрои банди 18 қарори ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2024, №1 ва банди 25 нақшаи кори раёсати адлияи вилоят дар нимсолаи якуми соли 2024 бо роҳандозӣ намудани амалҳои эҳсонкорӣ аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Хуҷанд ба 400 – нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаҳои таваллуд дар беморхонаҳо ва дар ҷойҳо аз номи роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи ботантана супорида шуда, падару модаронро барои тарбияи дурусти фарзандон ва иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳидоят намуданд.
Дидорбинии афсарону сарбозони шуъбаи алоҳидаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3505-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон
Масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои дахлдори нақшаи корӣ, санаи 23 феврали соли 2024 бахшида ба 31- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарону сарбозони шуъбаи алоҳидаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3505-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистонро дидорбинӣ намуданд. Зимни дидорбинӣ, афсарону сарбозонро аз номи роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати адлияи вилоят бо 31- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳомиёни содиқи Ватан саломатию сарбаландӣ, ватандӯстӣ, дарки масъулияту рисолати таърихӣ ва хизмати содиқона таманно намуданд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ аст!
Санаи 9 –уми феврали соли 2024 аз ҷониби роҳбарият ва масъулини шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва нишондиҳандаҳои соҳа вохурӣ доир гардида, дар он масъалаҳои тарғиб ва иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», алишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 супоришҳо дода шуд. Зикр гардид, ки мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона роли муҳимро бозида, дар он ҳамеша арзишҳои ҳуқуқию ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Семинари омӯзишии минтақавӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом
Санаи 7 – уми феврали соли 2024 дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо кормандони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба беҳтар кардани нишондиҳандаҳои соҳавӣ, баланд бардоштани маърфиати ҳуқуқии кормандон семинарӣ омӯзишӣ баргузор гардид. Дар оғози семинар, роҳбарони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом оид ба нишондиҳандаҳои соли гузашта ҳисобот доданд, ки дар он намояндаи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. масъулини бахш ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро мавриди пурсиш қарор дода, вобаста ба коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
More Articles...
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқукии аҳолӣ кафили хушбахтии наслҳои оянда
- Тақвият бахшидани корҳо дар самти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
- Омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи корӣ
- Семинари дастурдиҳӣ дар мавзуъи «Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бояд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ гардад»