Дидорбинии афсарону сарбозони шуъбаи алоҳидаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3505-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон

  Масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои дахлдори нақшаи корӣ, санаи 23 феврали соли 2024 бахшида ба 31- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарону сарбозони шуъбаи алоҳидаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3505-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистонро дидорбинӣ намуданд. Зимни дидорбинӣ, афсарону сарбозонро аз номи роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати адлияи вилоят бо 31- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳомиёни содиқи Ватан саломатию сарбаландӣ, ватандӯстӣ, дарки масъулияту рисолати таърихӣ ва хизмати содиқона таманно намуданд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии хеш аз 22 феврали соли 2024 ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд». Дар дидорбинӣ ба афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста ва хуроки гарм ташкил карда шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.