Санаи 7 – уми феврали соли 2024 дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо кормандони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба беҳтар кардани нишондиҳандаҳои соҳавӣ, баланд бардоштани маърфиати ҳуқуқии кормандон семинарӣ омӯзишӣ баргузор гардид. Дар оғози семинар, роҳбарони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом оид ба нишондиҳандаҳои соли гузашта ҳисобот доданд, ки дар он намояндаи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. масъулини бахш ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро мавриди пурсиш қарор дода, вобаста ба коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Сипас дар семинар масъалаҳои иҷро ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барои амалишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668, чораҷӯйи намудан ҷиҳати амалишавии лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрванди дар Тоҷикистон» вобаста ба пурра ва дуруст ворид намудани сабтҳо тибқи низоми ягонаи электронӣ, вусъат додани корҳо ҷиҳати фарогирии бештари бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаҳмонида шуд. Дар ҷараёни семинар дастур дода шуд, ки дар самти риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ» ва «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда», ҳамзамон вобаста ба иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 тадбирҳои саривақтӣ андешиданд.