Аёдати навбатии сарбозону афсарони Дидбонгоҳи сарҳадии «Чорқишлоқ»-и отряди сарҳадии «Исфара»-и Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар арафаи ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби роҳбарияти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара ба Дидбонгоҳи сарҳадии «Чорқишлоқ»-и отряди сарҳадии «Исфара»-и  Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо сарбозону афсарони Дидбонгоҳ мулоқот намуд. Зимни мулоқоту вохурӣ тамоми афсарону сарбозонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба афсарону сарбозони шуҷоъ барои хизмати содиқона ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон барои комёбиҳо таманно кард. Дар хотимаи дидорбини барои афсарону сарбозон маводҳои озуқа дастар карда шуданд, ки аз ҷониби сардори Дидбонгоҳ барои аёдат миннатдории хешро ба роҳбарияти Вазорат баён намуд.

Аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0214 – и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият, санаи 6 сентябри соли 2023 дар арафаи ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодирӣ Мутриба барои аёдати сарбозону афсарон ба қисми ҳарбии 0214 –и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба онҳо маводҳои хурока ва шириниҳо дастрас намуда. Зимни вохурӣ, сарбозону афсаронро бо ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои иҷрои рисолат хеш бурдбориҳо таманно намуданд.

Саҳмгузорӣ дар раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд пешбинӣ карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастгирии оилаҳои ҷавон, инчунин модару кӯдак аз ҷониби масъулини соҳа барои иҷрои уҳдадорӣ, коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ дар самти қайди саривақтии кудакони навзод ва пойдории оилаҳои солим бо роҳи таъсиррасонӣ ва ҳавасмандкунӣ дар арафаи иду ҷашнҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Супоридани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ дар вазъ тантанавӣ ба 6 ҷуфт навхонадорони ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом

Санаи 4 сентябри соли 2023 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят   Нарзизода Ф. ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Конибодом дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 бо 58 нафар фаъолон, ходимони дин ва раисони маҳаллаҳо вохурӣ анҷом дода шуд. Вохурӣ бо шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 оғоз гардида, иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ва ҷиҳати қайди саривақтии кудакони навзод, худдорӣ намудан аз никоҳҳои бармаҳал, пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб (шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ дар фазои иттилоотии маҷозӣ ва бекоршавии ақди никоҳ) корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода талқин карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.