Семинари омӯзишӣ вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои алиментии падару модар ва фарзандон

Санаи 7 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шуъба бо мутахассисони пешбар, мутахассис ва нозир коргузорон, кормандони бойгонӣ ва хазинадоронишуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои алиментии падару модар ва фарзандон, ҳамзамон тартиб пардохт ва руёнидану ситонидани алимент доир гардид. Дар кори семинари омӯзишӣ, устоди донишгоҳ, мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи факултаи “Ҳуқуқшиноси” - и Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Очилова Фирӯза Аюбовна иштирок ва суханронӣ намуд.Қайд карда шуд, ки уҳдадории алиментӣ - ин муносибатҳои амволии ҳуқуқии бо меъёрҳои ҳуқуқи оила танзимшавандаест, ки дар асоси созишномаи тарафҳо ё карори суд ба вуҷуд омада, дар заминаи он як аъзои оила нисбати таъминоти дигар аъзои оила уҳдадор мегардад ва охирон ҳуқуқи дастрасии чунин таъминотро ҳуқуқи талаб карданро пайдо менамояд.

Тарбияи эҳтиром ба қонун ҳамчун сифати муҳими шахс маҳсуб меёбад

 Санаи 6 октябри соли 2023 дар бинои таълими Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон дар доираи иҷрои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. ва сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Н. бо донишҷуён вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Н. оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баромад намуда, донишҷуёнро барои бунёди оилаи солим даъват намуд. Мавсуф дар баромади хеш зикр намуд, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ ва ҳисси садоқат ба Ватан дар тафаккури шаҳрвандон вазифаи мост!

  Санаи 22 сентябри соли 2023 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодирӣ М. бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кормандони ҷамоати деҳот, раисони маҳалла, намояндагони тиб, ходимони дин ва сокинон вохурӣ анҷом дода шуд. Ташаккули ҳисси зебоишиносӣ ва дарки амиқи фарҳанги миллӣ дар зеҳни сокинон эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро ба омӯхтани таъриху тамаддуни ва омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан водор менамояд. Масъулин дар вохурӣ, дарки зарурати бошуурона ва фидокоронаю беғаразона ба Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон ба иштирокдорон талқин карда шуд.

Роҳнамоӣ роҳи саодат ва хушбахтист!

 Санаи 20 сентябри соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030»  аз 27 ноябри соли 2019, №599 аз ҷониби масъулини соҳа бо омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохурӣ анҷом дода шуд. Вохурӣ ҳамчун соати дарсии ҳуқуқӣ бо хонандагон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ гузаронида шуда, ба онҳо оид ба иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ҳамзамон истифодаи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб (шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ дар фазои иттилоотии маҷозӣ) фаҳмонида шудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.