Санаи 9 –уми феврали соли 2024 аз ҷониби роҳбарият ва масъулини шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва нишондиҳандаҳои соҳа вохурӣ доир гардида, дар он масъалаҳои тарғиб ва иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», алишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 супоришҳо дода шуд. Зикр гардид, ки мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона роли муҳимро бозида, дар он ҳамеша арзишҳои ҳуқуқию ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Ҳамзамон дар вохурӣ ба кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат додани корҳо ҷиҳати фарогирии бештари бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ расонида, риояи талаботҳои қонунгузории соҳа талқин карда шуд.