Санаи 4 сентябри соли 2023 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат ва Нақшаи чорабиниҳои раёсат ҷиҳати беҳтар кардани нишондиҳандаҳои соҳа бо масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти он ҷаласаи корӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа, тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», иҷро ва риояи қонунгузории соҳа, таъмини дастуру супоришҳо, беҳтар кардани нишондиҳандаҳо ба ҳар роҳи усулҳои гуногун, риоя ва назорати гардиши бланкҳои ҳифзаш қатъӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва тақвияти фаъолият дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳо дода шуданд.
Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад
Санаи 4 сентябри соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Зоҳидӣ Ф. ва кормандони бахш дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоати деҳот Хуршедзода П. бо омӯзгорону хатмкунандагони мактаб, кормандони соҳаи тиб, раисони маҳалла ва аҳолии ҷамоати деҳот вохурӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 анҷом дода шуд. Дар вохурӣ, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ба аҳолӣ расонида шуд.
Аёдат дар ноҳияи Ашт
Ҳамасола чун анъана дар муассисаҳои таҳсилоти оливу касбӣ ва миёнаи ҷумҳурии азизамон санаи 1 сентябр – Рӯзи дониш бо оғози дарси сулҳ ва ҷамъомади идона бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад. Субҳи имрӯз дар арафаи Рӯзи дониш баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Маҳмудзода Т. ба Интернат №1-и назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ашт дидан карда, ба тарбиятгирандагон ашёи хониш ва маводҳои озуқа дастрас намуд. Намояндаи Интернат аз иқдоми наҷибона хушнуд гардида, изҳори сипоси хешро ба роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шиори мост!
Санаи 24 августи соли 2022 дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 бо аҳолии ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара вохурӣ перомуни шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022, риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586, муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, никоҳҳои бармаҳал, бекор кардани ақди никоҳ, манъи никоҳи хешовандон ва қайди саривақтии кудакони навзод вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Зоҳидӣ Ф. вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 суханронӣ намуда, моҳияти Паёмро ба сокинон фаҳмонид.
More Articles...
- Семинар-машварат бо муҳосибони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят
- Семинари омӯзишӣ бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба таҳияи пишниҳод ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
- Кӯдакон сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор меравад
- Тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Панҷакент