Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар доираи татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи кормандон вобаста ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294 ва Консепсия рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ гардидааст, санаҳои 15 – 20 октябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби ҳуқуқшинос, коршиноси миллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила – Дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух, психолог-профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси миллӣ оид ба офиятбахши равони ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила Юнусова Нафиса дар мавзуи «Расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила – аз назария ба амалия» бо мутахассисони шуъбаю бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят ва кормандони ҷамоатҳои деҳот дар 3 баст 20 нафарӣ аз рӯи барномаи омӯзишии мувофиқагардида доир гардида, дар он ба иштирокдорон шарҳи санадҳои қонунгузорӣ дар сохтори зӯроварӣ дар оила, нақши кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар машварати пеш аз бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ё ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ фаҳмониданд.
Хонишҳои ҳуқуқӣ дар самти татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019
Санаи 15 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вобаста ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқ, воқиф гардидани аҳоли аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ, пешбурди тарзи ҳаёти солим бо кормандони шуъбаю бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят хониши ҳуқуқӣ гузаронида шуд.
«Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Истаравшан
Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.
Бо ин мақсад бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан баҳри арҷгузорӣ ва гиромидоштӣ «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 31 августи соли ҷорӣ озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро ташкил ва баргузор намуд.
«Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Б.Ғафуров
Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018» аз 29 декабри соли 2017, №977 ва таъмини иҷрои фармоишҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни 2018 сол №10, «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз 18 июни 2018 сол №11, «Дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» санаи 24 августи соли 2018 дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара, дар тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом ва дар толори фарҳанги ноҳияи Б. Ғафуров чорабиниҳо доир гардиданд. Дар он муовинони Раиси шаҳру ноҳия ва намояндаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд, меҳмонон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
Бо иқдоми бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Мастчоҳ дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018» аз 29 декабри соли 2017, №977 ва таъмини иҷрои фармоишҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018, №10 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз 18 июни соли 2018, №11 «Дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» санаи 17 августи соли 2018 дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ чорабинӣ баргузор гардид.
Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич
Аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Деваштич дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018» аз 29 декабри соли 2017, №977 ва таъмини иҷрои фармоишҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018, №10 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз 18 июни соли 2018, №11 «Дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» санаи 17 августи соли 2018 дар бинои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Деваштич чорабинии идона доир гардид.
Page 16 of 18