Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ-кафили рушди ҷомеаи муосир»

  Санаи 14 – уми марти соли 2024 дар бинои раёсати Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ,конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ-кафили рушди ҷомеаи муосир» дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668баргузор гардид, ки дар кори он сармутахассиси шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Ҷумазода Мухбира иштирок ва дар мавзӯи «Маърифати баланди ҳуқуқӣ омили пойдории оилаи солим маҳсуб меёбад» баромад намуд. Ҷумазода М. дар баромадаш зикр намудааст, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ яке аз мақомотҳои муҳиму асосии низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафата, дар бунёди оила, ба хусус оилаҳои ҷавон, заминаҳои ҳуқуқӣ мегузорад.

  Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Мавқеъ ва нақши оила дар ҷамъият хеле бузург буда, он асоси давлатро ташкил медиҳад, зеро оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Дар охир таъкид карда шудааст, ки маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа ҳамчун заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ намуда дар табодулу инкишофи илм саҳми назаррас дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.