Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Бо иқдоми бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Мастчоҳ дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018» аз 29 декабри соли 2017, №977 ва  таъмини иҷрои фармоишҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018, №10 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз 18 июни соли 2018, №11  «Дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» санаи 17 августи соли 2018 дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ  чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд Муқаддам Ҳошимзода, муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ Зайнура Умарзода ва роҳбарони шуъбаю бахшҳои сохторҳои марбутаи мақомотҳои дахлдор, оилаҳои намунавӣ, ҳунармандон ва собиқадорон иштирок доштанд.  

Дар он Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд Муқаддам Ҳошимзода суханронӣ намуда, иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тарғиб намуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи ҳунармандон намунае аз маҳсулотҳои дастии кадбонувони мастчоҳӣ, сӯзанидӯзиву қуроқбофӣ, қолинбофӣ, устоҳои чӯбдасту кешбофон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Масъулин дар фарҷом ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд ва чорабиниро аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду мусиқии хеш табъи ҳамагонро болида намуданд.

Чунин чорабиниҳои баргузоршаванда баҳри тарғиби оилаҳои солим, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифи таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик нигаронида шудааст.

      Воқеан Тоҷикистони азиз бо табиати нотакрори хеш, манзараҳои дилрабо, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳим оромию осудагии мардуми  созандаю соҳибтамаддунаш  ба худ ҷалб мекунад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/en/news/158-ozmunmastchoh082018.html#sigProGalleria8a3f163749
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.