Дар таърихи 24 июни соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бинои маъмурии Маркази адлия ифтитоҳ гардид, ки дар таърихи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боз як саҳифаи нав замгардид. Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам мебошад.
Маҷлиси ҷамъбастии бахши сабти асноди асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан
Cанаи 15 феврали соли 2018 дар бахши сабти асноди њолати шањрвандии шањри Истаравшан љамъбасти фаъолияти солона гузаронида шуд. Дар он ба масъулини дастур дода шуд, ки ба масъалањои иљрои сариваќтии мурољиатњои шањрвандон дар доираи иљрои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, њамкории бо муассисањои тиб бањри ќайди сариваќтии кудакони навзод ва фавтидагон, њамчунин бештар корњои тарѓиботї дар байни ањлї бо маќсади баланд бардоштани сатњи маърифати донишњои њуќуќї, ташаккули њисси масъулиятшиносї, ватандўстї, эњтиром нисбат ба Конститутсия ва ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, тарѓиби арзишњои демократї, дарк намудани ягонагии њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, таъмини фаъоли сиёсии ањолии Љумњурии Тољикистон ба роњ монанд.
Маҷлиси ҷамъбастии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара
Санаи 13 феврали соли 2018 дар бахши сабти асноди њолати шањрвандии шањри Исфара љамъбасти фаъолияти солона баргузор гардид. Ќайд гардид, ки аз аз тарафи бахши сабти асноди њолати шањрвандї ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот давоми соли 2017, 10 495 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла бақайдгирии давлатии таваллуд 5832 адад, сабти вафот 1030 адад, бақайдгирии давлатии аќди никоҳ 2248 адад, барқароркунии таваллуд 24 адад, барқарор намудани вафот 23 адад, бекоркунии аќди никоҳ 479 адад, муқаррар намудани падарӣ 302 адад, фарзандхондӣ 34 адад ва иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ 444 ададро ташкил додааст.
Нишасти матбуотӣ
Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 23 январи соли 2018 шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 02 феврали соли 2018 нишасти матбуотӣ дар толори шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729 зиёда бо 24 намояндагони васоити ахбори омма баргузор гадид. Аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муқаддам Ҳошимзода нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, ба намояндагони васоити ахбори оммаро аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ оварда шуд.
Вохўри бо ҷавонон оид ба маърифати оиладорӣ дар шаҳри Конибодом
Сирри асосии хушбахтии оилавӣ дар чист? Зан дар оила чӣ вазифаву уҳдадориҳо дорад? Мард чӣ? Чаро оилаҳо барҳам мехӯранд ва барои пешгирии он чӣ бояд кард? Оиладорӣ аз ҳар фард чиҳоро тақозо мекунад? Ин ва дигар масъалаҳо зимни машварати навбатӣ санаи 24 октябри соли 2017 дар тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом сурат гирифт. Ин тадбир аз ҷумлаи он ибтикороти манфиатбахшест, ки Соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон дар Љумњурии Тољикистан аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Конибодом ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванд роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинї пеш аз ҳама пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон дар бобати оила ва оиладорӣ, тавассути маслиҳату машваратҳои судманд, махсусан ҳидоят намудани навхонадорон мебошад.
Page 18 of 18