Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич

Аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Деваштич дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018» аз 29 декабри соли 2017, №977 ва  таъмини иҷрои фармоишҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018, №10 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз 18 июни соли 2018, №11  «Дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» санаи 17 августи соли 2018 дар бинои бахши сабти асноди  ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Деваштич  чорабинии идона доир гардид.

 Дар  чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ҷуразода Рустам,  сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд Муқаддам Ҳошимзода, мудирони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи шаҳрҳои Истаравшан ва Гулистон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур аз рўи шартҳо баргузор шуда, масъулин сатҳи ҳуҷҷатнигорӣ доир ба қабули шаҳрвандон вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муҳлат ва тартиби нигогҳдории китобҳои аснод, тартиби ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи китобҳои аснод дар бойгонӣ, ҳолати бойгонидорӣ, пешниҳод намудани ҳунарҳои мардумӣ, сару либоси миллии хоси арусию домодӣ ва дарёфти беҳтарин сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз лиҳози ҳусни хати зебо, риояи  қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, дурурст хонапурӣ намудани аризаҳо ва китоби сабти аснод  пешкаш карда шуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчён ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта ва  аз тарафи наврасон қироати шеър дар васфи Ватан-Модар ва оила пешниҳод гардид.

 Аз ҷониби Раиси ноҳия Ҷуразода Рустам дар чорабинии мазкур суханрони намуда, қайд намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани кафолатҳои Конститутсионӣ ба модару кўдак ва ғамхорӣ нисбати онҳо аз ҷониби давлат рӯз ба рӯз бештар гардида истодааст. Яке аз собиқадор, фаъолзан Раҳбар Ёдгорова вобаста ба оила ва оиладорӣ баромад карда қайд намуд, ки  фарҳанги оиладорӣ аз модар сарчашма гирифта, ба аъзои оилаи худ ғизои маънавӣ мебахшанд.

     Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Муққадам Ҳошимзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобста ба бунёди оилаи солим, дар баромадҳои хеш борҳо зикр намуданд, ки «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Ободию маърифат ва фарҳангу ахлоқи ҳар давлат пеш аз ҳама, аз ободу дониш ва маданияти мардум, оилаҳои он сарчашма мегирад. Хануз дар тамаддуни ориёи оилаву оиладорӣ асоси ҷамъият ва муқаддасу боиси эҳтиром арзёбӣ мешуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/en/news/157-ozmundevashtich082018.html#sigProGalleriaef3d5be192
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.