Дар таърихи 24 июни соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бинои маъмурии Маркази адлия ифтитоҳ гардид, ки дар таърихи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боз як саҳифаи нав замгардид. Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам мебошад.
Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории иҷрочиёни Суд, мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир карда шудаанд. Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба шаш ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ҳамчунин ба ҳар як навхонадорон як ададӣ телевизор, яхдон ва мошинаи ҷомашӯӣ тақдим намуда, дар ҳаёти якҷояи хонадорӣ таманниёти нек баён доштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

http://sahsh.tj/en/news/146-iftitihibsh2018.html#sigProGalleria24e4fde5e8