Семинари дастурдиҳӣ бо котибону коргузорони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан

  Санаи 23 апрели соли 2024 дар доираи амалишавии нақша-чорабиниҳо бо кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан вобаста ба иҷро ва риояи қонунгузории соҳавӣ, беҳ намудани нишондиҳандаҳо ва баланд бардоштани маърфиати ҳуқуқии кормандон семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид. Семинари дастурдиҳиро мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан Назира Муртазо ифтитоҳ намуда, онро бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маънидод намуд. Дар ибтидо мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фараҳманд Нарзизода иброз намуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дошта, эҳтироми шахс нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам гардида, дар ботин эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад, ҳамзамон итоат намудан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат карда ва хешро дар ҷомеа озоду бехатар эҳсос менамояд.

  Сипас дар қисмати аввали семинар вобаста ба нишондиҳандаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 аз масъулин пурсиш ба амал оварда, вобаста ба коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд. Қайд гардид, ки барои фарогирии бештари бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ корҳои тарғиботӣ ҷоннок намуда ва усули «Хона ба хона»-ро ҷорӣ намоянд. Дар идома оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ»аз 27 июли соли 2016 № 325  ва «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда» аз 23 августи соли 2016 № 374, «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2017 № 358,  ҳамзамон вобаста ба иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳидоят карда шуд. Дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 талаб карда шуд, ки натиҷаи пардохти маблағҳои муқаррраргардидаи амалиётҳои ҳуқуқиро пайгирӣ намуда, охири ҳар моҳ санади муқоисавиро бо бонк гузаронанд ва аз натиҷааш дар муҳлати муқарраргарда ба мақомоти болоӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон вобаста баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирӣ аз тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва терроризму экстремизми динӣ ба онҳо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар шакли китобча дастрас гардид, ки онҳо то тавонанд татбиқи супоришро дар ҷойҳо ба аҳолӣ расонанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.