Санаи 01 сентябри соли 2020 дар Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Б. Ғафуров тибқи нақша-чорабинии ҳамкории мувофиқагардида бо устодону донишҷуён суҳбату вохуриҳо вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ доир гардид. Дар ҳамкорӣ бо коршиносон ва мақомотҳои дахлдор мутахассиси пешбари шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нарзизода Фараҳманд иштирок ва суханронӣ намуд.
Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ
Дар асоси ҷадвали машғулиятҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24 августи соли 2020 то 29 августи соли 2020 дар Коҳи фарҳанги “Суғдиён” курси сайёри такмили ихтисос барои мутахассисони пешбар (мутахассисон)-и бахшҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулони коргузории сохторҳои мақомоти марказӣ дар вилоят аз рӯи барномаи “Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ” баргузор гардид. Дар кори он, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ва мутахассиси пешбари шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Баргузории нишасти матбуотӣ дар бинои Раёсати адлияи вилоят
Имрӯз тибқи ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП – 1729, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 10 июли соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар толори Раёсати адлияи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид. Сараввал нишасти матбуотиро мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Темур Туйчизода ифтитоҳ намуда, аз ҷониби сардори Раёсати адлияи вилоятРаҳматзода М.Т. ва сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Файззода Лолахон Азиз ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи хеш ҳисобот доданд.
Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Санаи 20 июни соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят пешниҳодҳои РаёсатиАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вобаста ба бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар пешниҳодҳо ҳолатҳои риоя нашудани талаботҳои қисмҳои 4, 5 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” оварда шуда, масъулиниро зарур буд, ки ҳангоми ошкор кардани чунин қоидавайронкуниҳо барои падару модарони кўдакони бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, маводҳоро ба расмият дароварда, оид ба чораандешӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекард. Ин амал боиси риоя накардани тартиби ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 668 Кодексии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, гардидааст.
Семинари машваратию дастурдиҳӣ дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд
Санаи 20 июни соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашнумаросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинари машваратию дастурдиҳӣ дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикисто» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони соҳа доир гардид. Дар кори он, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустамзода Суҳроб, ходими дини вилоят - номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, кормандони шуъбаи вилоятӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мутахассисони шуъбаи вилоятии дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мудирони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия иштирок доштанд.
Манъи баргузории тӯю маърака
Санаи 3 июни соли 2020 бо сохторҳои мақомоти давлатӣ дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 барномаи Рӯ ба рӯ дар телевизиони вилояти Суғд ба таври мустақим пахш гардид. Дар он мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нарзизода Фараҳманд, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Рустамзода Сӯҳроб, ходими дини вилоят - номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ва Директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Хоҷаева Зуфнуна Олимовна иштирок дошта, ба саволҳои сершумори шаҳрвандон посух доданд.
Page 9 of 18