Маҳфили «Оилаҳои беҳтарин»

Бо ташаббуси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят санаи 13 майи соли 2019 бахшида ба Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба муносибати Рўзи байналмилалии оила дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҳфили адабӣ-мусиқӣ бо оилаҳои беҳтарин доир гардид. Дар он оилаҳои беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Истиқлол ва Хуҷанд, ки ҳамзистии тулонӣ дошта, барои пешрафти ҷомеа солҳои зиёд хизмат намудаанд, иштирок доштанд. Дар чорабинии баргузоргардида муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н. иштирок намуда, табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин қироат карданд.

Оилаҳо аз фаъолияти рўзгори оиладории хеш қиссаҳо намуда, ҷавононро барои таҳаммулпазирӣ, нигоҳдори арзишҳои меҳварии фарҳангию таърихии инсон ва солимии оила,  беҳтарин хислатҳои одоби оиладорӣ дар раванди бедор намудани якдигарфаҳмии ҷавонон ҳидоят намуда, зикр намуданд, ки пойдории оилаҳои солиму қавӣ боиси барору комёбиҳои минбаъдаи аҳли ҷомеа мегардад.

 Дар чорабинӣ аҳли намояндагони фарҳанг бо сурду рақсҳои ҷаззоб хотири бинандагонро шод гардонида, ба чорабинӣ ҳусни иловагӣ зам намуданд, ки ҷараёни баргузори чорабинӣ аз ҷониби телевезиони вилоят сабт карда шуд.

    Чунин чорабиниҳои судманд ба хотири пойдории оилаҳои солим дар дигар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ва баргузор гардида истодаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.