Санаи 18 апрели соли 2019 дар маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят таҳти сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2019 дар мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят баргузор гардид.
Дар кори маҷлис сардори Раёсати адлияи вилоят Раҳматзода Мамлакат, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони масъули шуъбаи вилоятӣ иштирок доштанд.
Зимни баромад, сардори Раёсати адлияи вилоят Раҳматзода М., ба масъалаҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» ва Фармоиши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии таҳкими фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳия ва шаҳрҳо» таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Доир ба масъалаҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ», тартиби коргузорӣ ва мафҳуми шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи сармутахасиссиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Вализода И. ба мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Хонаи ақди никоҳ фаҳмонида, дастурҳои методӣ дода шуд.
Инчунин ба масъалаи иҷрои Фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2019, №10 «Дар бораи тасдиқи Дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои аз хизматрасонии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот воридгардида» аз тарафи муҳосиби шуъба Шамсиева М.Н. фаҳмонидашуда, зикр дошт, ки вобаста ба теъдоди аҳолӣ фоизи муайяни маблағҳо дар ҷамоатҳои деҳот ворид карда мешавад. Намунаи воридоти маблағҳо ба ҷамоатҳои деҳот аз рўи нишондоди мақомоти оморӣ аз тарафи муҳосиботи шуъбаи вилоятӣ омода карда шуда, ба муҳосибони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд.
Сипас аз рўи масъалаи дигари рўзнома маҷлис, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. оид ба иҷрои Фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 апрели соли 2019, №45 «Дар бораи оғози бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба сухан баромада қайд намуд, ки дигаргуниҳои куллӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуби арзанда барои кормандон ва муроҷаткунандагон, фурсате фаро расида истодааст, ки дар идомаи иҷрои Барномаи рушди мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои солҳои 2014-2019 аз санаи 01 июни соли 2019 дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз мегардад. Аз ин ру роҳбарияти шуъбаю бахш вазифадоранд, ки бо кормандони зертобеи худ фаъолияти хешро вобаста ба бақайдгирии электронӣ дар доираи талаботи қонун дар самти коргузорӣ мутобиқ намуда, масъулияти хешро дар ин самт ҷоннок намоянд. Ҳамчунин таъкид намуд, ки бо баробари оғоз гардидани бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба камбудию қонунвайронкунӣ роҳ надиҳем. Зикр гардид, ки тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили мошинӣ бо ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ баробар дониста мешавад ва бо он эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад, инчунин тибқи талаботи моддаи 9 қонуни зикршуда ҳуҷҷати электронӣ дар он сурат асл ҳисобида мешавад, ки агар он дорои имзои электронии ҷавобгў ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб бошад. Аз лаҳзаи оғози ин амал масъулияти ҳар яки моро бештар водор менамояд, зеро тибқи талаботи қонунгузорӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, дар назди муштариёни худ барои хизмат нарасонидан ё сифати номуносиби хизматрасонӣ, инчунин барои зарари ба онҳо расонидашуда масъул мебошанд. Шахсони аз рўи вазифаҳои хизматиашон ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои электронӣ мавҷудбуда дошта, ки паҳн кардани онҳо манъ ё маҳдуд карда шудааст, барои махфияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан масъул мебошанд. Инчунин мутахассиси пешбари шуъбаи вилоятӣ як нуқтаи муҳимро хотиррасон намуд, ки барои ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ дар Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд ҳолатҳо ҷой додааст. Аз ҷумла дар моддаи 299 кодекси мазкур барои тағйир додани иттилооти компютерӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ба масъалаҳои иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сармашқи фаъоляти кории ҳар як корманд бошад, аз руи он амал намуданро дастур дод. Дар ин замина ба масъалаҳои интизоми меҳнатӣ, даст назадани кормандон ба ҳаргуна омилҳои номатлуб (сохтакорӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, қайди никоҳи хешу таборӣ), муоиширати хуб бо шаҳрвандон, ободии гирду атрофи коргоҳ ва тозаю зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва эҳтиёткорона муносибат намудан ба амволе, ки барои иҷроиши уҳдадориҳои худ аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шудааст дар шуъбаю бахш ва ҷамоатҳои деҳот аҳамияти хоса зоҳир намуда, инчунин ба муносибати солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар арафаи Рўзи байналмилалии Оила ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳот вобаста ба самти пойдори оила ва масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ чораҳои зарурӣ андешиданро водор карда шуд.
Дар охир оид ба сабтҳои ёфтшуда дар бойгонӣ (дар асоси маълумотҳои бойгонии баъзе шуъбаю бахшҳои дарёфтнагардида), додани ҳамагуна маълумотнома, хабарномаҳои номуайян, инчунин ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ба мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.