Санаи 26 апрели соли 2019 дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кўлоб конфронси корӣ оид ба татбиқи намунаи таҷрибавии нав вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ доир гардид.
Дар кори он муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Ш., намояндаи доимии БРСММ Пратибха Меҳта, муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, сипас аз ҷониби менеҷери Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон » Каримов Алишер вобаста ба татбиқи намунаи таҷрибавии нав оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин дар идомаи он аз ҷониби менеҷери лоиҳаи EPOS Елена Максименко ва мутахассиси лоиҳа оид ба технологияи иттилоотӣ баромад намуданд. Баъди баромади намояндагон дар конфронси корӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста ба мушкилиҳои мавҷуда дар кори система муҳокима гардид.
Иштирокчиён баъди муҳокимаронӣ, ҷараёни умумии кори консепсияи «Равзанаи ягона» дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кўлоб дидан намуданд. Масъулин механизми Равзанаи ягонаро барои пешниҳоди хизматрасониҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (вазъи кунунӣ) ба иштирокчиён шинос намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷараёни ҷоришавандаи нав, ин усули нави намунаи механизми равзанаи ягона буда, тақсимоти кормандонро ба дафтари кор бо мизоҷон (фронт-офис) ва дафтари коркарди ҳуҷҷатҳо (бек-офис), истифодаи низоми ахборотӣ, истифодаи технологияҳо бо назардошти дизайни фазо (утоқ) пешбинӣ мекунад.