Тренинги берун аз шаҳрӣ оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ

Санаҳои 18-21 июни соли 2019 дар истироҳатгоҳи Бонки миллӣ воқеъ дар шаҳри Гулистон вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”  тренинги берун аз шаҳрӣ мониторинг ва баҳодиҳии Нақшаи чорабиниҳо оид ба баландбардории савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирии давлатии саривақтии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ доир гардид.

Дар кори он намондагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғду Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ва Шоҳмансур иштирок доштанд.

 Ба тренинг аз рўӣ барномаи мувофиқагардида роҳҳои асосии баргузории мониторинг ва арзёбиии татбиқи нақша-чорабиниҳо оид ба баландбардории савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба масъалаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона карда шудааст.

    Дар рафти баргузорӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ васеъ истифода намудани усулҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ба инобат гирифтани махсусиятҳои миллӣ, ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф тақсим намудани маводи тарғиботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин омўзиши масъалаҳо бобати ҷорӣ намудани соатҳои дарсӣ вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳамчунин ташкил намудани хизматрасонии IVR (низоми сатбшудаи хабарҳои овозӣ) тавассути ширкатҳои мобилӣ оид ба паҳнсозии маълумот дар бораи фаъолият ва хизматрасониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.