Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон “Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар таърихи 11-14 марти соли 2019, аз ҷониби кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сафари шиносоӣ ба шаҳри Москва бо мақсади табодули таҷриба анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, санаи 12 марти соли 2019 дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тушини Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Москва дидан намуда, аз тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хуҷҷатгузрии он шиносои пайдо намудем. Инчунин санаи 13 марти соли 2019 дар марказҳои хизматрасонии давлатӣ воқеъ дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ва маркази тиҷоратии байналмилалии Москва (Москва-Сити) ҷойгир карда шудааст, шиносои пайдо намудем.
Иштирок кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизионӣ
Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Дар ин замина, дар доираи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуҳуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, санаи 27 феврали соли 2019 мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф., мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрҳои Хуҷанд Даниёрова М., Истаравшан Раҳматова Д. ва Панҷакент Фатиллозода З. дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизиони вилоят иштирок карда, вобаста ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи боҷидавлатӣ» қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», “Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор” баромад намуданд ва ба саволҳои пешниҳодшуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ посухҳо дода шуд.
Вохурӣ бо устодону донишҷуёни факултаи «Таърих ва ҳуқуқ» - и Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Санаи 15 феврали соли 2019 аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар факултаи «Таърих ва ҳуқуқ» - и Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар доираи таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 вохурӣ анҷом дода шуд, ки дар он беш аз 200 нафар устодон ва донишҷуёни факулта иштирок доштанд.
Чорабиниро декани факулта Ҷабборов И. ифтитоҳ намуда, сипас мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ба саволи сершумори донишҷуён дар доираи талаботҳои қонунгузории амалкунанда посухҳо дод.
Вохурию мулоқотҳои судманд дар қисми ҳарбии 14356 - и Қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон
Тибқи нақша, санаи 13 феврали соли 2019 дар арафи иди Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайти шахсии афсарону прапоршикон ва сарбозони қисми ҳарбии 14356 ва ҷузъу томҳои зертобеи он вобаста ба иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурӣ анҷом дода шуд.
Дар кори он муовини сардори Раёсати адлияи вилоят полковники адлия Раҳмонзода М, натариуси давлатии вилоят Ваҳобов Ҳ. ва сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Вализода И. иштирок намуда, оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин вобаста ба экстремизм (ифротгароӣ), терроризм баромад намуданд. Дар вохурии доиршуда ба иштирокдорон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба саволҳои онҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда посух гардониданд.
More Articles...
- Маҷлиси соҳавии солонаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент
- Вохурии сохторҳои мақомоти адлия дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят
- Нишасти матбуоти бо намояндагони васоити ахбори омма
- Маҷлиси ҷамъбастии шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят