Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят аз санаи 22 январ то санаи 07 феврали соли 2019 маҷлисҳои ҷамъбастии шуъбаю бахшои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодааст.
Дар кори маҷлисҳои баргузоргардида намояндаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят иштирок намуда, пешравию камбидиҳои ҷойдоштаи соҳаро таҳлил корда, вобаста ба иҷрои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дастурҳо дода истодаанд.
Ҳамчунин дар он ба масъалаҳои интизоми меҳнатӣ, даст назадани кормандон ба ҳаргуна омилҳои номатлуб (сохтакорӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, қайди никоҳи хешу таборӣ), муоиширати хуб бо шаҳрвандон, ободии гирду атрофи коргоҳ ва тозаю зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва эҳтиёткорона муносибат намудан ба амволе, ки барои иҷроиши уҳдадориҳои худ аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шудааст супоришҳо дода, ҳамзамон дар солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳот вобаста ба самти пойдори оила ва масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳидоят карда шуданд.