Сафари шиносоии кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Москва

    Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон “Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар таърихи 11-14 марти соли 2019, аз ҷониби  кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сафари шиносоӣ ба шаҳри Москва бо мақсади табодули таҷриба анҷом дода шуданд. Аз ҷумла,  санаи 12 марти соли 2019 дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тушини Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Москва дидан намуда, аз тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хуҷҷатгузрии он шиносои пайдо намудем. Инчунин  санаи 13 марти соли 2019 дар марказҳои хизматрасонии давлатӣ  воқеъ дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ва маркази тиҷоратии байналмилалии Москва (Москва-Сити) ҷойгир  карда шудааст, шиносои пайдо намудем.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки марказҳои мазкур,  мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани шаффофияти мақомоти давлатӣ, таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмии байни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ равона карда шудааст. Аз руи маълумотҳо 130 марказ бо 180 намуди хизматрасониҳои давлатӣ анҷом дода мешавад, марказҳо дорои 7000 нафар корманд буда, дар як рўз ба 70000 нафар аҳолӣ хизмат расонида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.