Санаи 15 феврали соли 2019 аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар факултаи «Таърих ва ҳуқуқ» - и Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар доираи таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 вохурӣ анҷом дода шуд, ки дар он беш аз 200 нафар устодон ва донишҷуёни факулта иштирок доштанд.
Чорабиниро декани факулта Ҷабборов И. ифтитоҳ намуда, сипас мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ба саволи сершумори донишҷуён дар доираи талаботҳои қонунгузории амалкунанда посухҳо дод.
Ҳамчунин ёдовар карда шуд, ки дар замони муосир масъалаи густариш ёфтани падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм ва зуҳуротҳои дигари ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда ҳамаи моро водор месозад, ки дар роҳи ҳимояи Ватани азизамон ҳушёр бошем. Истиқлолияти давлатӣ ҳамонвақт устувортару пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ шуморад.