Вохурии сохторҳои мақомоти адлия дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят

     Тибқи нақшаи корӣ, санаи 06 феврали соли 2019 бо кормандони Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят вобаста ба  иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 вохурӣ анҷом дода шуд. Дар кори он муовини сардори Раёсати адлияи вилоят полковники адлия Раҳмонзода М, сарнатариуси давлатии вилоят Охунӣ Б. ва мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. иштирок намуда, оид ба  татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мерос ва ҳуқуқи меросхурон, инчунин вобаста ба иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баромад намуданд. Дар вохурии доиршуда  ба иштирокдорон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба саволҳои онҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда посух гардониданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.