Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Дар ин замина, дар доираи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуҳуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, санаи 27 феврали соли 2019 мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф., мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрҳои Хуҷанд Даниёрова М., Истаравшан Раҳматова Д. ва Панҷакент Фатиллозода З. дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизиони вилоят иштирок карда, вобаста ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи боҷидавлатӣ» қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», “Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор” баромад намуданд ва ба саволҳои пешниҳодшуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ посухҳо дода шуд.
Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки аз тарафи бинандагон асосан ба масъалаҳои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кудакони аз муҳлатгузашта, ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани шаҳодатномаи такрорӣ, тартиби номгузорӣ, бақайдгирии давлатии ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд, бекор кардани ақди никоҳ, гирифтани маълумотома оид мавҷуд будан ё набудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ивази насаб, ном ва номи падарӣ ва дигар муаамоҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.