Аёдати Рамазонӣ

    Масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ва шуъбаи Хонаи ақди никоҳ санаи 30 апрели соли 2020, дар даҳаи якуми моҳи мубораки Рамазон - бошандагони муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кудаки шаҳри Хуҷандро аёдат намуданд. Тавре, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии қонунгузор таъкид намуданд, ки дар оянда ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахўрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

    Санаи 02 апрели соли 2020 аз ҷониби намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо кормандони шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назариён Василбек суханронӣ намуда зикр кард, ки муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои  ба он мусоидаткунанда мебошад.

Нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма

Санаи 13 феврали соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП – 1729,  ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 25 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар толори Раёсати адлияи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».

Забон ойинаи рӯзгори миллат

Дар шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба иҷрои Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузор, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораии забонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаи имлои забони тоҷикӣ” ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандон бо иштироки мудири кафедраи забони тоҷикии факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Ю. мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он,  мутахассиси пешбар Нарзизода Ф., мутахассис ва нозир коргузорони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, мудири шуъбаи Хонаи ақди никоҳ Раҳимӣ Ф., мудири  шуъба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Ҷумазода М. ва мутахассисону кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.