«Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Истаравшан

Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

Бо ин мақсад бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан баҳри арҷгузорӣ ва гиромидоштӣ «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 31 августи соли ҷорӣ озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро ташкил ва баргузор намуд.

Чорабинии мазкур дар маркази фарҳангию фароғатии «Чаманоро» бо иштироки зиёда аз 130 нафар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, занони барўманд ва оилаҳои навбунёд қарор доштанд. Дар оғози чорабинӣ, намояндагон маҳсули ҳунарҳои дастии ба намоиш гузошташударо дидан намуданд.

Чорабинӣ аз рўи шартҳои зерини Низомномаи озмуни шаҳрӣ тахти унвони «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  доир гардида, дар он сатҳи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ доир ба қабули шаҳрвандон оид ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мўҳлат ва тартиби нигоҳдории китобҳои аснод, тартиби ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи китобҳои аснод дар бойгонӣ, ҳолати бойгонидорӣ,  сифати ҳуҷҷатнигорӣ, ташкили намоишгоҳ ва пешниҳод намудани сару либоси миллии хоси арусию домодӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти беҳтарин сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз лиҳози ҳусни хати зебо ва риояи пурраи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва дуруст хонапурӣ намудани хатхона (графа)-ҳои аризаҳои ва китоби сабти аснод пешниҳод шуда, дар охир беҳтаринҳо бо сипосномаю туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

     Чунин чорабинию маҳфил ва мулоқотҳо баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии оила, пешгирии омилҳои номатлуб, дарёфти беҳтарин мутахассиси соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар дигар шаҳру ноҳия баргузор шуда истодааст.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/ru/news/160-istaravshan06092018.html#sigProGalleria913964dfc6
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.