«Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Б.Ғафуров

Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018» аз 29 декабри соли 2017, №977 ва таъмини иҷрои фармоишҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни 2018 сол №10, «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз 18 июни 2018 сол №11,  «Дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» санаи 24 августи соли 2018 дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара, дар тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом ва дар толори фарҳанги ноҳияи Б. Ғафуров  чорабиниҳо   доир гардиданд. Дар  он муовинони Раиси шаҳру ноҳия ва намояндаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд, меҳмонон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.

 Ба чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиён ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардида ва аз тарафи намояндагони фарҳанг саҳнача аз  ҳаёти оилавӣ намоиш дода шуд.

         Дар чорабиниҳо муовинони Раиси шаҳру ноҳия ва намояндаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд вобаста ба масъалаҳои фарҳанги оиладорӣ, солими ва мустаҳкамии оила  суханронӣ намуда, навхонадоронро барои бунёди оилаи солиму намунавӣ ҳидоят карданд. Дар ҳақиқат оила ҳамчун ҷузъи муҳими ҷамъият ҳамеша нигоҳдори арзишҳои меҳварии фарҳангию таърихии инсон ва омили оромию суботи  ҷомеа маҳсуб меёбад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/ru/news/159-rushsayoh082018.html#sigProGalleria27ad1f565c
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.