Иштирок дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизионӣ

 Дар заминаи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуҳуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, санаи 09 декабри соли 2020 мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф., мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи Исфара Ёқубӣ М., Истиқлол Фармонзода М. ва Ҷ.Расулов Раҷабзода Р. дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизиони вилоят иштирок карда, вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баромад намуданд. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

Мубориза алайҳи хушунат

 Санаи 08 декабри соли 2020 бахшида ба маъракаи иттилоотии 16 рузи мубориза алайҳи хушунат дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҳфили доимоамалкунандаи тарбиявӣ-ҳуқуқии “Пайванди муҳаббат” доир гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувори нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди никоҳшавандагон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон ба ватнадӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона карда шудааст. Дар маҳфил як зумра бонувони фаъоли вилоят, намояндагони мақомоти иҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳия ва ҷавонон иштирок намуданд.

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Санаи 16 ноябри соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Нарзизода Ф. ба сухан баромада зикр дошт, ки барои ман дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф задан шараф ва мояи ифтихори бузург аст.

Ифтитоҳи бинои Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ

Санаи 14 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин лаҳзаҳо ба таърихи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саҳифаи дигар боз намуд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.