Санаи 01 сентябри соли 2020 дар Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Б. Ғафуров тибқи нақша-чорабинии ҳамкории мувофиқагардида бо устодону донишҷуён суҳбату вохуриҳо вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ доир гардид. Дар ҳамкорӣ бо коршиносон ва мақомотҳои дахлдор мутахассиси пешбари шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нарзизода Фараҳманд иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар баромади хеш қайд намуд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб ёфта, он нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ифодагари ифтихори миллӣ мебошад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Дар марҳилаи муосир ва ҳассоси ҷаҳонишавии тамаддунҳо пос доштани ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ барои ҳар як фард қарз аст. Нақши муассири ҷавонон ҳамчун ободгарони имрузу ояндаи Ватан ва муаррифгари барҷастаи аъзои комилҳуқуқи ҷомеа баромад мекунад, дарҷ гардид. Ҳамзамон ёдоварӣ карда шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон аз дирўз то имрўзу ояндаи дур ҳамчун равшангарони миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷик дар ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ баҳри пойдории ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ нақши бориз доранд. Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фазои маърифати ҳуқуқии ҷавонон, фарогирии онҳо ба илму технологияи муосир, фароҳам намудани имкониятҳои ҳамаҷониба баҳри беҳдошту рушди зеҳнии ҷавонон дар сатҳи дохилӣ ва байналмиллалӣ тадбирҳои муассирро амалӣ гардонида истодааст.
Тарбияи дурусти ҷавонон вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст, зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демкоратӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошад.
Умуман мавсуф дар масъалаи ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии ҷавонон, фарҳанги одоби хонаводагӣ дар руҳияи меҳру муҳаббат, адолат, озодии муносиб ва якдигарфаҳмӣ, фазои солими хонаводагӣ баромад намуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.