Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ

 Санаи 20 июни соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят пешниҳодҳои РаёсатиАгентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вобаста ба бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар пешниҳодҳо ҳолатҳои риоя нашудани талаботҳои қисмҳои 4, 5 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” оварда шуда, масъулиниро зарур буд, ки ҳангоми ошкор кардани чунин қоидавайронкуниҳо барои падару модарони кўдакони бо моддаи 90  Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан,  маводҳоро ба расмият дароварда, оид ба чораандешӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекард. Ин амал боиси риоя накардани тартиби ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 668 Кодексии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, гардидааст.

Масъулин вазифадор карда шуданд, ки руйхати падару модарони кудаконе, ки талаботи муқарраргардидаи қонунро риоя намекунанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт пешниҳод намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монда, иҷрои қисму бандҳои моддаи дахлдори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сари вақт таъмин намоянд.

    Дар рафти баргузории он, масъулинро оид батарғиби Паём, қонуну қарорҳои амалкунанда ва иҷрои «Стратегияи муқовиматба коррупсия дар ҶумҳурииТоҷикистон  бароисолҳои 2013 2020» ҳидоят карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.