Дар асоси ҷадвали машғулиятҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24 августи соли 2020 то 29 августи соли 2020 дар Коҳи фарҳанги “Суғдиён” курси сайёри такмили ихтисос барои мутахассисони пешбар (мутахассисон)-и бахшҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулони коргузории сохторҳои мақомоти марказӣ дар вилоят аз рӯи барномаи “Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ” баргузор гардид. Дар кори он, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ва мутахассиси пешбари шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Дар курси сайёр вобаста ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ, риояи аломатҳои китобат дар матни коргузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тарзу усулҳои таҳияи протокол дар мақомоти давлатӣ, тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои ворида ва содира дар мақомоти давлатӣ, ташаккули фаҳмиши технологии хизматчиёни давлатӣ – омили муҳими татбиқи ҳукумати электронӣ, нақши барнома, консепсия, стратегия ва дурнамои давлатӣ дар рушди хизмати давлатӣ, марҳилаҳои татбиқи консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти қонунгузорӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ ва идоракунии захираҳои инсонӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба шунавандагон расонида шуд.