Ифтитоҳи бинои Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ

Санаи 14 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин лаҳзаҳо ба таърихи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саҳифаи дигар боз намуд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.

      Толори замонавии ақди никоҳ дар ошёнаи якум ва барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи дуюм бо шароити хуби корӣ ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм ҳамчунин барои қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон равзанаи ягона таъсис дода шуда, дар он таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст. Дар китобхонаи Маркази адлия китобҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳиманд, гирд оварда шудааст.

    Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими аҳамияти таърихидошта пешбинӣ гардидааст.

    Гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз ва дигар зебоиҳои атрофи иншоот дар таъмини фароғати сокинон, сайру гашт ва хотирмон баргузор намудани маросими оиладоршавии ҷавонон замина мегузорад.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани чунин бинои маъмурии хуштарҳу замонавиро дар рўзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатӣ беҳтарин туҳфа барои кормандони соҳа ҳисобиданд.

    Сарвари давлат таъкид доштанд, ки шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур аз кормандони соҳа дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон масъулияти баланди вазифавиро талаб мекунад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/tj/news/210-adliyanmastchoh092020.html#sigProGalleria9622af8963
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.