Баргузории нишасти матбуотӣ дар бинои Раёсати адлияи вилоят

 Имрӯз тибқи ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП – 1729,  ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 10 июли соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар толори Раёсати адлияи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид.  Сараввал нишасти матбуотиро мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Темур Туйчизода ифтитоҳ намуда, аз ҷониби сардори Раёсати адлияи вилоятРаҳматзода М.Т. ва сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Файззода Лолахон Азиз ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи хеш ҳисобот доданд.

 Аз ҷониби роҳбарияти Раёсат дар доираи саволҳои пешниҳодшуда қайд намуд, ки кормандони соҳа бо  ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Вазорти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ биноҳои Маркази адлия ифтитоҳ гардидаанд ва ин иқдоми созандагӣ минбаъда идома меёбад.

    Дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ, намояндагони васоити ахбори омма дар самти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба масъалаҳои тағйироти воридгарда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби қабул шудан ба кор дар мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, никоҳи хешу таборӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқии падарию модарӣ, қайди  вафот ва дигар масъалҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.