Санаи 20 апрели соли 2023 дар толори бинои Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Рӯзи кормандони мақомоти адлияи ботантана таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, сардори раёсати адлияи вилоят Шарофиддин Шарифзода, роҳбарони иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, кормандони дастгоҳи марказии раёсат, мудирону мутахассисони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияи вилоят, собиқадорони мақомоти адлия ва шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Сараввал муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилоятро ба кормандони мақомоти адлия расонида шуд. Сипас сардори раёсати адлияи вилоят Шарофиддин Шарифзода кулли кормандон ва собиқадорони мақомотро табрик намуда, аз таъриху фаъолияти мақомоти адлия андешаронӣ намуд. Роҳбарияти раёсати адлия зимни баромади хеш қайд намуд, ки мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаст.
Ҷаласаи корӣбо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд
Санаи 11 апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи раёсати адлияи вилоят ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии сардори раёсат Шарифзода Шарофиддин бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд доир гардид. Роҳбарияти раёсат ҷаласаро ба хотиро ҳамоҳангсозии фаъолият ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ арзёбӣ намуд. Баъди андешаронии сардори раёсат, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми соли ҷорӣ сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода Меҳрубону баромад намуд. Сипас сардори раёсат ба масъалаҳои иҷрои саривақтии мактубу дархости кишварҳои хориҷӣ дар доираи иҷрои Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ дар мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро барои иҷрои саривақтии онҳо ҳидоят намуд. Дар идомаи ҷасала роҳбарияти раёсат оид ба ҳуҷҷатгузории дуруст дар самти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз масъулин пурсиш ба амал оварда, барои беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва ба масъули иҷрои комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастурҳо дода шуд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – оромиши қалб ва равшангари мақсадҳои нек аст
Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати адлияи вилоят ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилоят Исозода Нозимҷон ва мутахассиси пешбарии шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят Нарзизода Фараҳманд ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадихӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон вобаста ба масъалаҳои омӯхтани илму дониш, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ санаи 14 марти соли 2023 бо донишҷӯёни факултаи “Тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва санаи 15 марти соли 2023 бо донишҷӯёни Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилоят Исозода Нозимҷон ба сухан баромада, оид ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр ёфтааст, андешаронӣ намуд.
Ба истифода додани бинои маъмурии Маркази адлия дар шаҳри Гулистон
Субҳи 12 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои якчанд ҳуҷраҳои корӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Идораи нотариалии давлатӣ, ёрии ҳуқуқӣ, толорҳои равзани ягона ва барои гузаронидани маросими тантанаи ақди никоҳи навхонадорон, инчунин таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва қонуну дастурҳои соҳавӣ гирд оварда шудааст. Бинои мазкур бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам оварда шудааст. Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Еще статьи...
- Чорабинии илмӣ бахшида ба омўзиши шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»
- Муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъмини шаҳодатномаҳои таваллуд ба кӯдакон ва саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ вазифаи худ мешуморем
- Таҷлили Рўзи байналмилалии оила дар вилоят