Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи иҷтимоиётро яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ намуда, дар ин самт баҳри дастгирии оилаҳои ҷавон ва модару кӯдак пайваста шароитҳои арзанда фароҳам меоварад. Оила маконест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад ва бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Дар ин замина бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби шахсони саховатманд бахшида ба 30– юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдигирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда 1452 дона шаҳодатномаҳои ройгон ба оилаҳо супорида шуданд.
Асосан теъдоди зиёди шаҳодатномаҳои додашуда ба оилаҳо дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Исфара 447 дона, Панҷакент 220 дона, Б. Ғафуров 105 дона, Истаравшан 100 дона, Хуҷанд 80 дона, Деваштич 59 дона, Спитамен 60 дона, Мастчоҳ 50 дона, Зафаробод 46 дона ва Шаҳристон 40 донаро ташкил медиҳад. Дар қатори онҳо, 675 дона шаҳодатномаи таваллуд ба падару модарони кӯдакони навзод ва 241 дона шаҳодатнома таваллуд ба падару модарони кӯдакони ба синни як расида ё аз он калонтар аз ҷониби масъулин дар вазъи тантанавӣ бо туҳфаҳои пешбинишуда тақдим карда шудааст, ки ин иқдоми наҷиб аз иҷрои бомароми қонунгузорӣ дар самти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд шаҳодат медиҳад. Инчунин аз ҷониби масъулин баҳри саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва амалӣ намудани корҳои хайру савоб 49 дона шаҳодатнома вобаста ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва 36 дона шаҳодатномаҳои дахлдор такроран ба шахсони камбизоат аз рӯӣ муроҷиати воридшуда ройгон таъмин гардид, ки маблағҳои шаҳодатномаҳои ҳифзаш қатъӣ, боҷи давлатӣ ва хизматрасонӣ ба суратҳисобҳои муайяншуда аз ҳисоби шахсони саховатпеша супорида шудааст. Ҳамзамон аз тарафи масъулини бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Бӯстон, Зафаробод ва Ҷ.Расулов ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ (ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд) дидан намуда, ба онҳо дастурхони идона ороста ва маводҳои ғизоӣ, санитарӣ-гигиенӣ дастрас намудаанд. Зимнан бояд ёдовар гардид, ки масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 28 адад ҳуҷҷат вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандии сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, ки бар асари даргириҳои наздисарҳадии охири моҳи апрели соли 2021 бавуқуъомада сӯхта ва нобуд гардида буданд, барқарор карда, ба соҳибонашон супорида шудаанд. Амалҳои неки анҷомдодашуда гувоҳи татбиқи сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат буда ва дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон беҳтарин армуғони идона барои оилаҳои фарогирифташуда мебошад. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби сокинон хуш пазируфта, боиси фараҳмандию сарфарозии онҳо гардидааст, ки аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимияти хешро иброз намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ менамоянд. Воқеан имрӯзҳо дар қонунгузории амалкунанда асноди ҳолати шаҳрвандиро ҳам чун амал ё ҳодиса, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд аст, пешбинӣ кардааст. Ҳамзамон дар он бақайдгирии саривақтиро боиси таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон зикр намуда, манфиати давлат ва ҷамъиятро мустаҳкам намудааст.