Санаи 21 апрели соли 2022 дар толори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар мизи мудаввар нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят майёри адлия Назриён В.Қ., сардор шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси ҳамин шуъба бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят ва шуъба – хонаи ақди никоҳ иштирок доштанд. Намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир вобаста ба пиёдасозии сиёсати зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи махсус нисбат ба муқовимат ба коррупсия дода шудааст.
Қайд гардид, ки худи мафҳуми муқовимат дар имлои забони тоҷикӣ маънои худдорӣ ва ё истодагари карданро медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз моҳи июли соли 2005 аз 5 боб ва 18 модда иборатбуда амал мекард. Дар доираи санади миёнамуҳлати давлатӣ бо “Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии мубориза бар зидди коррупсия барои солҳои 2008-2012” қабул шуда, мавриди амал қарор гирифт. Ёдовар гардид, ки бо ба итмом расидани муҳлати санади дар боло зикршуда, бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 августи соли 2013, таҳти № 1504 барномаи миёнамуҳлати нав бо номи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020” қабул ва дар амал татбиқ гардида, мафҳуми мубориза бо муқовимат иваз карда шуд. Ҳамзамон дар идома қайд гардид, ки моҳи августи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” низ аз эътибор соқит дониста шуда, дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул карда шуд. Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 августи соли 2020, №1747 ба имзо расидааст. Қонуни зикршуда асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст. Қонуни номбурда аз рӯи сохтор аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, дар он муқаррароту умумӣ, ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия, дар бораи пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он, ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷабобгарӣ барои онҳо, бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҳамзамон ҳамкории байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бо муқаррароти хотимавӣ фаҳмонида шуд. Дар мизи мудаввар намояндаи раёсат аз чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои амалигардонии онро, аз ҷумла тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳои назорати давлатии молиявӣ, талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда ба ҳозирин расонида шуд. Ҳамзамон дар идомаи он, принсипҳои муқовимат ба коррупсия - қонуният, адолат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун, шаффофият ва ошкорбаёнӣ, ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зикр гардид. Инчунин мавсуф оид ба ҳизбу ҳаракатҳо (таълимоти ғайри қонунӣ), даъвати ҳарбӣ, истифодаи мақсадноки замин ва қувваи барқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон ҷо додан ва дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расониданро талқин намуд.