Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти адлия дар вилояти Суғд

   Санаи 20 апрели соли 2023 дар толори бинои Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Рӯзи кормандони мақомоти адлияи ботантана таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, сардори раёсати адлияи вилоят Шарофиддин Шарифзода, роҳбарони иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, кормандони дастгоҳи марказии раёсат, мудирону мутахассисони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияи вилоят, собиқадорони мақомоти адлия ва шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Сараввал муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилоятро ба кормандони мақомоти адлия расонида шуд. Сипас сардори раёсати адлияи вилоят Шарофиддин Шарифзода кулли кормандон ва собиқадорони мақомотро табрик намуда, аз таъриху фаъолияти мақомоти адлия андешаронӣ намуд. Роҳбарияти раёсати адлия зимни баромади хеш қайд намуд, ки мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаст.

   Ёдоварӣ гарид, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, он ба яке аз мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст. Имрӯзҳо мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори тахассусӣ ва маънавӣ имконияти воқеӣ дорад, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро бо мақсади бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд самаранок пеш барад ва ба ин восита ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шаҳрванд ҳаматарафа ҳифз карда шавад. Баъди суханронӣ, рутбаҳои дараҷавӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо барои кормандону собиқадорони соҳа аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти раёсат супорида шуд. Дар охири чорабинӣ собиқадорони соҳа – собиқ сардори раёсати адлияи вилоят Ҷавҳаров М.Ҷ. ва собиқ сардори шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. ба сухан баромада, аз дастгирию ғамҳориҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати адлияи вилоят изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.