Санаи 20 июли соли 2022 баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён аз ҷониби роҳбарияти раёсати адлияи вилоят омўзиши шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба роҳ монда шуд, ки дар он муовини декан оид ба илм ва иннаватсияи факулати «Таърих ва ҳуқуқ»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» номзади илмҳои таърих, дотсент Абдукаримов Ҷ.Х. дар толори маҷлисгоҳи раёсати адлияи вилоят бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии раёсат, нотариусони давлатӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба - хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ доир гардид. Дар чорабинии илмӣ, устод Абдукаримов Ҷ. аз ҳаёт ва фаъолияти фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба шунавандагон қиссаҳо намуда ва барои омўхтани таърих ҳидоят намуданд. Омўхтани таърих на танҳо барои донистани воқеаҳои гузашта, балки барои имрўз ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст.
Ҳар миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ бигирад ва дурнамоии ояндаашро муайян созад. Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум зудуда намешавад. Чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик ифтихори миллати мо буда, боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Таърихи башар шахсиятҳоеро меофарад, ки на танҳо тамоми асрори ин ё он илмро фаро мегиранд, балки марзҳои онро фарох ва хазинаи онро Ғанӣ мегардонанд. Боиси ифтихор аст, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон, академики АИ Иттиҳоди Шўравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров солҳои 1930-1931 дар Комиссариати ҳалқии адлияи ҷумҳурӣ фаъолият намудаанд. Олими забардаст Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёту фаъолияти хешро ба гирдоварӣ, бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудаанд, солҳои зиёд ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буда, бунёдгузори илми муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Дар даврони Шӯравӣ ба шоҳасари безавол мондани номи «Тоҷикон» кори бениҳоят мураккаб ба ҳисоб меёфт, аммо муаррихи барҷастаи халқи тоҷик, ин кори душворро бо ҷасорату ҳисси баланди миллӣ анҷом дод. Бесбаб нест, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри “Тоҷикон”-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, зикр намудаанд: “Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати си солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, бар ҳақ китоби рўимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Бояд қайд намуд, ки шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров дар давоми 50 сол 11 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ, англисӣ, дарӣ (форсӣ) ва узбекӣ бо теъдоди умумии қариб 130 ҳазор нусха нашр гардидааст. Шоҳасари хеш “Тоҷикон”-и соли 2020 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 млн. 600 ҳазор нусха, дар маҷмўъ то имрўз қариб 1 млн. 750 ҳазор нусха нашр гардида, дастраси ҳар як хонаводаи халқи тоҷик гардид. Ёдрас гардидан ба маврид аст, ки аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари хеш “Тоҷикон” беш аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода намудаанд. Минбаъд низ кормандони мақомоти адлия барои омўзиши саҳифаҳои шоҳасари “Тоҷикон” кўшиш ба ҳарҷ дода, бузургдошти таъриху фарҳанги аҷдодонамонро ҳифз менамоянд.