Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати адлияи вилоят ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилоят Исозода Нозимҷон ва мутахассиси пешбарии шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят Нарзизода Фараҳманд ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадихӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон вобаста ба масъалаҳои омӯхтани илму дониш, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ санаи 14 марти соли 2023 бо донишҷӯёни факултаи “Тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва санаи 15 марти соли 2023 бо донишҷӯёни Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилоят Исозода Нозимҷон ба сухан баромада, оид ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр ёфтааст, андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Сипас мутахассиси пешбарии шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят Нарзизода Фараҳманд дар доираи Паём иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму табияи фарзанд ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Ӯ иброз намуд, ки ҳадафи олии муҳтавои Паём баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии аҳолӣ маҳсуб меёбад, ки ин дастурот омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад. Зикр карда шуд, ки баҳри тақвият додани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳвандон ва баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, саҳмгузор бошем. Дар идома оид ба масълаи оиладорӣ, зиёд шудани ҳолату омилҳои номатлуб таваҷҷуҳ карда шуд. Қайд гардид, ки оила дар ҳама давру замон, қисмати бунёдию ибтидоии ҷомеаи башарӣ буда, ҳамроҳи он рушд мекунад, тағйир мепазирад, мувофиқи талаби замон ба тақозои ҷомеа посух мегӯяд ва талаботи иҷтимоиро низ ташаккул медиҳад. Оилаи солим маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҷовидонист.Ёдрас гардид, ки имрӯзҳо бекор кардани ақди никоҳ дар ҷомеа яке аз омилҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, бевосита он барои имрӯзу оянда таъсири манфии худро мерасонад. Ҷавононро барои риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, поктинативу зебопарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири хеш ҷо додан, талқин карда шуд. Дар охир ёдрас карда шуд, ки ҳамон қадар оилаи солиму қавӣ аз лиҳози саводнокӣ дар ҷомеа бештар гардад, таъсири омилҳои манфӣ – ба монанди бекоршавии ақди никоҳ, хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона камтар мегардад.