Маҷлиси Ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ

  Санаи 10 июли соли 2018 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар кори он аъзоёни ҳайати мушовара ва мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар рафти маҷлиси ҳайати мушовара аз ҷониби роҳбарият ба маъалаҳои иҷрои Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 ва пешниҳоди таҳияи лоиҳаи он барои солҳои 2020-2025, мукаммал ва истифода намудани дастурамали коргузорӣ, низоми электронӣ, насби камераҳои мушоҳидавӣ  дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 августи соли 2010, №АП-1366, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва истифодаи дурусти маблаѓҳои пешбининамуда дастуру супоришҳо дода шуааст.

Семинари омўзишӣ

    Дар доираи иҷрои Барономаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2014, №21 тасдиқ гардидааст, ки дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шаҳри Душанбе моҳҳои май – ноябри соли 2018, омўзиши мутахассисони соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оиди кор бо системаи САҲШ2 пешбинӣ гардидааст. Курсҳои омўзиши бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардида истодаанд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон

   Дар таърихи 24 июни соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон  бинои маъмурии Маркази адлия ифтитоҳ гардид, ки дар таърихи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боз як саҳифаи нав замгардид. Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам мебошад.

Маҷлиси ҷамъбастии бахши сабти асноди асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан

  Cанаи 15 феврали соли 2018 дар бахши сабти асноди њолати шањрвандии шањри Истаравшан љамъбасти фаъолияти солона гузаронида шуд. Дар он ба масъулини дастур дода шуд, ки ба масъалањои иљрои сариваќтии мурољиатњои шањрвандон дар доираи иљрои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, њамкории бо муассисањои тиб бањри ќайди сариваќтии кудакони навзод ва фавтидагон, њамчунин бештар корњои тарѓиботї дар байни ањлї бо маќсади баланд бардоштани сатњи маърифати донишњои њуќуќї, ташаккули њисси масъулиятшиносї, ватандўстї, эњтиром нисбат ба  Конститутсия ва ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, тарѓиби арзишњои демократї, дарк намудани ягонагии  њуќуќ,  озодї  ва вазифањои  асосии  инсон  ва  шањрванд,  таъмини фаъоли сиёсии ањолии Љумњурии Тољикистон ба роњ монанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.