Вохўри бо ҷавонон оид ба маърифати оиладорӣ дар шаҳри Конибодом

   Сирри асосии хушбахтии оилавӣ дар чист? Зан дар оила чӣ вазифаву уҳдадориҳо дорад? Мард чӣ? Чаро оилаҳо барҳам мехӯранд ва барои пешгирии он чӣ бояд кард?  Оиладорӣ аз ҳар фард чиҳоро тақозо мекунад? Ин ва дигар масъалаҳо зимни машварати навбатӣ санаи 24 октябри соли 2017 дар тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом сурат гирифт. Ин тадбир аз ҷумлаи он ибтикороти манфиатбахшест, ки  Соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон дар Љумњурии Тољикистан аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Конибодом ва мақомоти сабти асноди  ҳолати шаҳрванд роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинї пеш аз ҳама пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон дар бобати оила ва оиладорӣ, тавассути маслиҳату машваратҳои судманд, махсусан ҳидоят намудани навхонадорон мебошад.

   Дар мулоқот шахсони барӯманди шаҳр - оилаи намунавӣ ва солим,  мутахассисони соҳаҳои тиб, ходимони дин ҷалб карда шуда, аз тарафи онҳо паҳлуҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои пойдории оила  маслиҳату машваратҳои дода шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.